Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази адлияро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин бинои Маркази адлияро, ки дар масоҳати 1785,58 метри мураббаъ бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур бо назардошти санъати меъмории миллӣ ва сатҳу сифати баланд бунёд карда шудааст. Ба таъкиди масъулин, давоми ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 70 нафар кормандону сохтмончиёни маҳаллӣ дар ин иншоот бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.
Ҳамин гуна зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои мазкур 14 нафар кормандони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ошёнаи дуюм кормандони Идораи нотариалии шаҳр ва машваратчии ҳуқуқии ройгон фаъолият хоҳанд кард. Барои фаъолияти пурсамари кормандони ин идораҳои давлатӣ дар ошёнаи якуми бинои зебои Маркази адлия 9 ҳуҷраи корӣ ва толори ақди никоҳ, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлис барои 120 ҷойи нишаст бунёд карда шудааст.
Илова бар ин, дар таҳхонаи бинои мазкур толори варзиш ва ду ҳуҷраи васеъ барои бойгонии Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Идораи нотариалии шаҳр сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулин барои хизматрасонии хубу саривақтӣ дар самти бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Ваҳдат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки атрофи бинои Маркази адлия дар шаҳри Ваҳдат гулкорӣ ва чароғон карда шуда, барои баргузории маросими ақди никоҳи сокинони шаҳр беҳтарин макон дониста мешавад.









Изҳори ҳамдардии Пешвои миллат бинобар марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ машварати корӣ доир намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кипр Константинос Комбосро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд






