Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 15, 2026 11:48

ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг шайх Файсал ибни Қосим оли Сониро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва гурӯҳи ширкатҳои Файсал Холдинг баррасӣ шуданд.

Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ва истеҳсолӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зоҳир карда шуд.

Ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, гидроэнергетика, фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ, инчунин бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори муосир ҳам тамаркуз карда шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки талошҳои муштарак барои истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин соҳаҳо идома дода шавад.

Мулоқот бо раиси Ассотсиатсияи тиҷорати Қатар ва раиси Шурои директорони Файсал Холдинг (Faisal Holding) шайх Файсал ибни Қосим оли Сонӣ 15.06.2026

Июнь 15, 2026 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд