Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони хусусӣ барои 200 кӯдакро дар ноҳияи Зафаробод ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Зафаробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави кӯдакистони хусусии “Афсона”-ро барои 200 нафар кӯдак дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бинои кӯдакистон дар масоҳати умумии 2 ҳазору 280 метри мураббаъ қомат афрохта, аз ду ошёна, таҳхона ва 10 синфхонаи таълимию ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мавҷудаи муассисаи навбунёди таҳсилоти томактабӣ шинос шуда, ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон дар шароити хуб, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи марти соли ҷорӣ бо ҷалби беш аз 50 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз гардида, аз рӯи тарҳ дар ошёнаи якум хобгоҳ барои 200 нафар кӯдак, ошхона, толорҳои барҳавои таълимӣ ва машғулияти кӯдакон ба варзиши сабук, утоқҳои корӣ ва тиббӣ, дар ошёнаи дуюм толорҳои таълимӣ ва мусиқӣ сохта шуда, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевони либос ва дигар ашёву лавозимот таъмин мебошанд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Афсона” дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолити давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шаҳло Кенҷаева бунёд гардида, дар арафаи соли нави хониш туҳфаи арзандаи ҷашнӣ барои таълимгирандагони ин даргоҳ мебошад. Барои таълиму тарбияи хонандагон мураббиёни ботаҷриба ҷалб карда шуда, таҳсил бо 3 забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2019” дар марказ ва деҳоти ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1000 нафар кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар доираи корҳои ободонӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии боз 2 кӯдакистони дигар ба нақша гирифта шудааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд






