PRESS TOUR. Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар ноҳияи Айнӣ саёҳати иттилоотии журналистон роҳандозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади шинос шудан бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» саёҳати иттилоотии журналистон (press tour) ташкил карда шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ, ки ба ин ҳайат шомил аст, гузориш медиҳад.
Тавре, ки мо шоҳиди ҳол гардидем, айни ҳол корҳо дар сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар ноҳияи Айнӣ бо суръат пеш рафта истодаанд. То имрӯз ҳудуди 7 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст.
Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёт боз як қадами устувор гузорад.
ҶСП «Талко Голд» дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ бунёд гардида истодааст. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон мебошад, ба истифода дода мешавад. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма- асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар мамлакати мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 24 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузошта буданд.
Иҷрои корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ як солу шаш моҳ ба нақша гирифта шудааст. Солҳои 2018-2019 аз худ намудани конҳои гурӯҳи Кончоч, сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани муҷтамаи саноатии ҶСП «Талко Голд» дар назар аст. Ба роҳ мондани истеҳсоли тилло ва сурма моҳи марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Кончочи ҶСП «Талко Голд» моҳи марти соли 2020 дар назар аст. Ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки беш аз 600 ҷойи корӣ таъсис дода шавад. Дар заминаи бунёди ин корхонаи азими саноатӣ марҳила ба марҳила аз 1000 то 1500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад.
Дар захираи умумии конҳои гурӯҳи Кончоч сурма қариб 265 ҳазор тонна ва тилло қариб 50 тонна, флюорит-76 650 т , нуқра 59, 44 т, симоб 11 97, 1 тоннаро ташкил медиҳанд.
Бояд зикр намуд, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад. Ҳамчунин баробари ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ шумораи зиёди шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Саҳмдорони ҶСП «Талко Голд»- КВД Ширкати алюминийи Тоҷик ва Ҷамъияти Саҳҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» аллакай корҳои марбутаро оид ба ҷалби сармояҳо ба сохтмони корхонаи мазкур баргузор намуда истодаанд.
Ба маълумоти мутахассисон, алҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф ва омӯхта шудаанд, ки ин боигарии табиӣ қисман барои истифодаи саноатӣ омодаанд. Инҳо конҳои ангишт, сурб, рӯҳ, мис, висмут, сурма, симоб ва дигар металлҳои асил буда, беш аз 50 намудро ташкил медиҳанд.












Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






