Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор: «Мо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем»

Август 19, 2019 14:38

ДУШАНБЕ, 19.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои таъсиси Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор  Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст  ва имрӯз сазовори дастгирии ҳамаҷонибаи  бонки мо мебошад. Ин   матлабро имрӯз Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон иброз намуд. 

Номбурда  гуфт: «Мо аллакай амалисозии баъзе лоиҳаҳоро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намудем.     Лоиҳаҳои беҳтар намудани  вазъи роҳ миёни   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва    таҷдиди НБО «Норак» аз ҷумлаи онҳоянд. Ин лоиҳаҳо   барои рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳаётан муҳим мебозанд».

Тавре Ҷин Личун мегӯяд, «мо  Стратегияи миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба  дастгирӣ менамоем. Стратегияи мазкур барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо нақши хеле бузург дорад. Ба ин хотир,  мо дар  амалисозии  ин ҳуҷҷати муҳим  бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоем».

Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки «имрӯз мушкилот  зиёд ва  талаботу захираҳо  ниҳоят бузург мебошанд.  Лекин ман боварӣ дорам, ки  таҳти роҳбарии бевоситаи   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи мардум ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат метавонад Стратегияи миллии рушди худро бо муваффақият  амалӣ намуда, некуаҳволии мардумро  дар сатҳи зарурӣ таъмин намояд».

Зикр шуд, ки  Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохтор    оянда дар  доираи ҳамкорӣ      робитаҳоро   барои дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дигар ташкилотҳои байналмилалии  молиявӣ, ба монанди  Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки аврупоӣ  оид ба таҷдид ва рушд  давом дода, дар ин доира    лоиҳаҳои мушаххасро  амалӣ менамояд.

Бояд ёдовар шуд, ки имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Ҷин Личун мулоқот намуданд.

 

 

Август 19, 2019 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид