Профессор Аслиддин Осимӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 08.08.2019./АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта табиби маъруфи тоҷик, профессор Аслиддин Осимӣ дар синни 86-солагӣ вафот кард. Хешовандон, дӯстон, ҳамкорон ва донишҷӯёни устод имрӯз, соати 11.30 ӯро ба роҳи охират гусел менамоянд. Аслиддин Сайфиддинович дар қабристони Сари Осиёи пойтахт дафн карда мешавад.
Профессор Аслиддин Осимӣ асосгузори соҳаи урология дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ нахустин урологи тоҷик аст, ки дар доираҳои илмии Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон машҳур аст. Профессор то рӯзҳои охирини умраш дар таълими насли ҷавон фаъолона саҳм гузошт.
Осимӣ А.С. дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси «корҳои тиббӣ» хатм кардааст. Аз соли 1959 то 1963 дар беморхонаи шаҳрии Хуҷанд ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият намудааст.
Соли 1963 ба аспирантураи назди кафедраи ҷарроҳии факултетӣ дар курси урологияи назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1969 таҳти роҳбарии профессор Василий Николаевич Дунчик рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Лечение мочекаменной болезни в условиях курорта Хоҷа-Оби-Гарм» («Табобати бемории роҳҳои шошадон дар шароити осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм») дифоъ мекунад.
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Аслиддин Сайфиддинович аз ассистент то профессор, мудири кафедраи урология аз соли 1974 то соли 2010, декани факултети тиббӣ солҳои 1975-1982 ва сарурологи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Вай 2 монография, 6 дастури таълимӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, 10 пешниҳоди ратсионализаторӣ нашр кардааст ва таҳти роҳбарии ӯ 4 рисолаи номзадӣ ҳимоя гардидаанд.
Барои хизматҳои шоиста ба Ватан А.С.Осимӣ соли 1978 бо унвони «Аълочии тандурустии ИҶШС», соли 1983 — «Духтури шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Барои дастовардҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ бо мукофоти «Мактаби олии ИҶШС» ва медали «Собиқадори меҳнат», соли 1973 бо унвони дотсент ва соли 1996 — профессори кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз шудааст.
Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон А. Осимиро бо медали «Шафқат» сарфароз гардониданд ва соли 2011 Аслиддин Осимӣ «Профессори сол» эълон шуд.
Аслиддин Сайфиддиновичро дар доираҳои васеи донишмандони Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва дигар минтақаҳои ИДМ хуб мешинохтанд. Солҳои ҳаштодум ӯ узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Урология ва нефрология»-и ИҶШС буд.








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






