Самарқанд ба баргузории Фестивали XII байналмилалии «Шарқ тароналарӣ» омодагии ҷиддӣ мебинад

Август 26, 2019 09:40

ДУШАНБЕ, 26.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Самарқанд ба баргузории Фестивали XII байналмилалии «Шарқ тароналарӣ» («Таронаҳои Шарқ») омодагии ҷиддӣ мебинад. Фестивали мазкур таҳти сарпарастии ЮНЕСКО баргузор шуда, дар он 140 нафар иштирокчӣ, 28 ҳайати мусиқӣ аз 32 давлат ширкат меварзанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар Самарқанд ҷиҳати инъикоси фестивал қарор дорад, хабар медиҳад.

Дар назди Донишгоҳи забонҳои хориҷии Самарқанд ситоди баргузории фестивал таъсис ёфтааст, ки ба он намояндагони мақомот, сохторҳои марбута ва инчунин ихтиёриён аз ҷумлаи донишҷӯёни донишгоҳҳои забоншиносӣ, ки дар рӯзҳои баргузории фестивал чун тарҷумон кумак мерасонанд, шомил мебошанд.

Ҳамчунин дар иттиҳодияи ҷавонон маркази матбуотӣ таъсис дода шудааст, ки дар он беш аз 40 хабарнигор аз 20 давлат фестивалро инъикос мекунанд.

Имрӯз соати 19:00 дар майдони Регистон ифтитоҳи расмии фестивал баргузор мешавад. Рӯзҳои баъдӣ як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла консертҳои кушода, вохӯриҳои эҷодӣ, барномаҳои махсус дар шакли конфронсҳои илмӣ ва матбуотӣ, мизҳои мудаввар, намоишу семинарҳо, конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди мусиқии анъанавӣ дар Шарқ», озмуни байналмилалии «Беҳтарин иҷро» ва консертҳо баргузор хоҳанд шуд.

Фестивали мусиқии «Шарқ тароналарӣ» бо мукофотонидани тантанавии ғолибону ҷоизадорони озмун ва консерти калон дар ансамбли меъмории Регистон хотима меёбад.

Имсол баромади иштирокчиён дар ду самт — мусиқии халқӣ ё суруд бо услуби касбӣ ва инчунин мусиқӣ ё суруди муосири ба таври анъанавӣ эҷодшуда баҳогузорӣ карда мешавад. Ҳайати доварони байналмилалӣ аз ҷумлаи мусиқинавозон, рассомон ва композиторон, ки ба он намояндаи Тоҷикистон Аслиддин Низомов низ шомил аст, баромади иштирокчиёнро баҳогузорӣ мекунанд.

Гурӯҳи фолклории Тоҷикистон таҳти роҳбарии Соҳиба Давлатшоева 28 август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода низ дар фестивал ширкат меварзад.

Дар бораи омодагӣ ба фестивал хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муҳаррири рӯзномаи «Самаркандский вестник» («Набзи Самарқанд») Юлдуз Ҳайдарова суҳбат намуд.

«Дар ду сол як маротиба пеш аз баргузории фестивал Самарқанд ба таври куллӣ тағйир меёбад ва биноҳо намои нав мегиранд. Ин, албатта, хеле хурсандибахш аст. Шаҳр махсусан шабонгоҳ, вақте ки бо ҳазорҳо чароғҳо равшан мегардад, диққатҷалбкунанда аст. Ҳамасола миқёси дигаргунсозии шаҳр тавсеа меёбад. Имсол бори аввал дар фестивал мусиқинавозон аз ҷазираҳои Фиджи, Аргентина, Мянма ва Судон иштирок мекунанд», — гуфт Юлдуз Ҳайдарова.

Хабарнигори италиявӣ Пиро Дерозӣ зикр намуд, ки фестивали мазкур барои мусиқинавозон имконияти хубест, то худро дар ин шаҳри бостонӣ муаррифӣ намоянд. «Баъди ба ватан баргаштан ба ҳамватанонам ва инчунин ба продюсерони касбӣ тавсия медиҳам, ки ба мусиқии шарқии фолклорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Тамоми кӯшишҳои имконпазирро ба харҷ медиҳам, то италиявиҳо бо мусиқии дигар кишварҳо шинос шаванд», — гуфт ӯ.

АМИТ «Ховар» дар бораи кушодашавии фестивал иловатан иттилоъ хоҳад дод.

Август 26, 2019 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад