Тоҷикистон ҳамкориро дар самти сайёҳӣ бо кишварҳои минтақа густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахши сайёҳӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави тавсеаи робитаҳо ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо сафири навтаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, Нуъмон Абдуғаффорзода имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани имтиёзҳо, тадриҷан беҳ гардидани инфросохтори сайёҳӣ, густариш ёфтани робитаҳои байналмилалии сайёҳӣ ва омодагии ҳамкории бештар дар ин самт бо дигар кишварҳо, инчунин дигар махсусиятҳои сайёҳиро шарҳ дода, густариши ҳамкории ҳарду кишварро дар самти сайёҳиву гардишгарӣ муфид арзёбӣ намуд.
Дар навбати худ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ мавҷуданд ва омодагии худро барои густариши робитаҳои зич дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла мубодилаи таҷиба ва сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баён намуд.
Дар интиҳо ҷонибҳо мусоидати худро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ изҳор намуданд.








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад






