Тоҷикистон ва ИМА мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои амниятиро муҳокима карданд

Август 22, 2019 08:42

ДУШАНБЕ, 22.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 21 август Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чаҳорчӯби нишасти сатҳи баланди масоили амниятӣ дар қолаби С5+1 (кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА), ки дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, бо муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сиёсӣ Давид М. Хейл мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва рушди робитаҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар ҳошияи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои рушди минтақавӣ ва мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои амниятиро муҳокима карданд.

Август 22, 2019 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд