Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Мудири кулли Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. 27 август дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Раис ва Мудири кулли Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардида, роҷеъ ба нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа ва тадбирҳое, ки дар мамлакат бобати фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти расонаҳо андешида мешаванд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни таъкид бар зарурати риояи озодии сухан ва матбуот ба масъулияти расонаҳо дар ҳифзи сулҳу оромӣ дар ҷомеа ишора намуд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






