Ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон то охири август идома меёбад
ДУШАНБЕ, 26.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. То оғози соли нави хониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор боқӣ монда, ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ҷараён дорад. Дар ин замина, волидайни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаву олии мамлакат аз ин ярмаркаҳо истифода бурда, либоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватаниро харида истодаанд. Шарҳи бештари хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба ин мавзӯъ.
Сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе ба он назаранд, ки молҳои дар ярмаркаҳои имсола ба фурӯш гузошташуда назар ба солҳои қаблӣ сифати хуб дошта, бо нархи дастрас пешниҳод гардида истодаанд. Чунин вазъ зимни боздид аз якчанд нуқтаи ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳри Душанбе ва суҳбат бо волидайн ба мо аён гардид.
Ба гуфтаи сокини пойтахт Судоба Миршакарова, либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ, ки имсол дар ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, аз солҳои гузашта куллан фарқ доранд.
«Ин натиҷаи тадбирҳое мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бештар намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда имтиёзҳои зиёд пешбинӣ намудааст», — афзуд ҳамсуҳбати мо.
Зимнан, тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯйи онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, инчунин воридоти ашё (фурнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳои дӯзандагие, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.
Бояд гуфт, ки масъалаи таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ муҳим ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинӣ гардида, ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.
Судоба Миршакарова дар идомаи суҳбат гуфт: «Ман пеш аз харидани либос нарху навои бозорро низ аз назар гузаронидам. Масалан, дар корхонаҳои нассоҷӣ куртаи мактаббачагон аз нархе, ки дар бозорҳои муайян ба фурӯш гузошта шудааст, чандин маротиба арзонтар мебошад. Аз ҷумла, имрӯз аз ярмаркае, ки дар назди бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ташкил шудааст, барои додарам шим, костюм ва камзӯлчаро бо нархи 170 сомонӣ харидам, ки ин хеле нархи дастрас мебошад».
Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» аз ҷумлаи корхонаҳое мебошад, ки дар ин ярмаркаҳо моли истеҳсолнамудаи худро пешкаши мизоҷон гардонида истодааст.
Тавре масъулини ин корхона ба мо иттилоъ доданд, либосҳои ягонаи мактабии истеҳсоли онҳо мувофиқи талаботи дастурамали либоси ягонаи мактабӣ дӯхта шудаанд. Корхона дар тайёр намудани тарҳи либоси мактабӣ доимо пешниҳодҳои волидайн ва хонандагонро ба инобат гирифта, ба харидорон либоси ягонаи мактабии зебо, шинам ва хушсифат пешниҳод менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 то 31 августи соли равон дар чор ноҳияи пойтахт ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, ярмаркаҳои мазкур дар назди ҶДММ «Истиқлол» (бозори «Меҳргон»)-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҶДММ «Ховарон», кӯчаи Валаматзода 8, ноҳияи Шоҳмансур, ҶДММ «Корвон», «Корвон плюс», Маркази савдои «Корвоншаҳр», таваққуфгоҳи назди марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», мағозаи махсусгардонидашудаи ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик»- и ноҳияи Фирдавсӣ ва Маркази савдои «Сафо»-и ноҳияи Сино ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд.
Ғайр аз ин, тавре хабарнигорони минтақави АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳанд, ҳоло дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ чунин ярмаркаҳо ташкил карда шудаанд.
Тавре масъули бахши иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом Парвина Абдуллоева ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имсол дар ярмаркаи мактабӣ либосҳои коргоҳҳои дӯзандагии шаҳр, чун «Маликабону», «Имдоди Ғайрат», «Фаррух», «Зайнаб», «Гулдаст» ва «Ниҳол», ки бо пешниҳоди дӯхти босифат, дизайни муосир ва арзиши дастрас дар бозори маҳаллӣ мавқеи устувор пайдо намудаанд, ба фурӯш гузошта мешаванд.
Барои таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр бо либоси ягонаи мактабӣ миёни шуъбаи маорифи шаҳр ва ин коргоҳҳо барои омода намудани 22 424 ҷуфт либоси мактабӣ шартномаи тарафайн баста шудааст. Ба иттилои манбаъ, то 10 август 12 ҳазор ҷуфт либос омода ва дастраси мактабиён гардидааст, ки ин 60 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Корхонаҳои мухталифи дӯзандагии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор дар асоси шартномаи баста бо муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ярмарка-фурӯши либоси ягонаи мактабӣ доир намуда истодаанд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаҳои маориф, корхонаҳои мазкур соли хониши 2019-2020 ба 110 ҳазору 210 нафар хонандагони мактабҳои ин шаҳру навоҳӣ бояд бо нархҳои дастрас либосҳои босифати ягонаи мактабӣ пешниҳод намоянд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 млн 900 ҳазор нафар хонанда таҳсил менамоянд. Дар ин сол талабот ба либоси мактабӣ 985 ҳазор донаро ташкил медиҳад.
Тавре иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Киромова дар суҳбат ба мо иброз дошт: «Дар ҳафт моҳи соли равон дар корхонаҳои дӯзандагии мамлакат зиёда аз 641 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 ҳазор дона зиёд мебошад».
Ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ солҳои охир истеҳсоли либоси мактабӣ мунтазам тамоюли афзоиш дошта, аз 79 ҳазор дар соли 2014 ба 1 млн 128 ҳазори соли 2018 расидааст.
Бояд гуфт, ки корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, ба роҳ мондаанд.
Дастурамали мазкур соли 2007 ба тасвиб расида, ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардидаст. Инчунин аз моҳи январи соли 2018 инҷониб Стандарти давлатии «Либоси мактабӣ» қабул гардида, корхонаҳои соҳа бо риояи талаботи ин стандарт либосҳои мактабӣ истеҳсол намуда истодаанд.
Дастурамали болозикр намудҳои тавсиявии либосҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро муайян мекунад. Инчунин пӯшидани либосҳои тавсиявӣ баробарии хонандагонро дар муассиса таъмин менамояд ва ин либосҳо бояд аз матоъҳои пахтагину пашмӣ ва абрешимӣ омода карда шаванд. Барои ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ нарасонидан аз истифодаи матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) худдорӣ карда мешавад.
Талаботи дигари тавсиявии Дастурамал чунин муқаррар гардидааст:
-ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи хонандагон ҳангоми ба дарс омадан бо худ сумка, портфел ё худ ҷузвдон мегиранд.
-ҳангоми сард будани синфхонаҳо дар дарс ба хонандагон бо либоси гарми зимистона (камзӯлча, палто, жемпер ва куртка) нишастан тавсия дода мешавад.
-инчунин ба духтарон пӯшидани домани сиёҳ ё ҷигарии аз зону поёни пахтагин, куртаи беостин ва остиндароз, костюми сиёҳ ва ҷигарӣ, куртаи сафед, колготкаи сафед ва ё ҷӯроби сафед, куртаҳои якранг ва арзони миллии пахтагин, рӯймоли миллие (ихтиёрӣ), ки бо ранги либоси дар тан доштаи духтарон мувофиқат намояд, тавсия дода мешавад.
Ба писарон шиму костюми сиёҳ, сурхи ҷигарӣ бо куртаи сафед ва ё кабуди осмонӣ, инчунин пойафзоли якранг мувофиқ ба сарулибос тавсия дода мешавад.
Зимнан, таърихи пайдоиши пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ ба Мисри Қадим рост омада, баъдан дар Япония, Шри-Ланка, Бутан, Куба, Бразилия, Англия ва даҳҳо мамлакати дигар паҳн гардид.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таҷрибаи ин давлатҳо истифода бурда, либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ намуд. Солҳои гузашта пӯшидани либос барои хонандагон дар ин кишвар ихтиёрӣ буд ва шурӯъ аз соли хониши 2019-2020 мактаббачагон бо либоси ягона ба дарс мераванд. Тибқи иттилои ВАО, Кабинаи вазирони Озарбойҷон низ чанде қабл якчанд намунаи либоси мактабиро тасдиқ намудааст, ки пӯшидани он аз соли хониши 2020-2021 ба хонандагон ҳатмӣ мегардад.
Коршиносон ва мутахассисони соҳаи таълиму тарбия бар он назаранд, ки пӯшидани либоси ягона мактаббачагонро аз дигар қишри ҷомеа фарқ кунонда, ба онҳо ҳисси баланди хештаншиносию ватанпарварӣ мебахшад, водор мекунад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.
Ёдовар мешавем, ки ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон то охири моҳи август идома меёбад.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»