31 нафар шаҳрвандони хориҷӣ барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амалкунанда аз Тоҷикистон берун карда шуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Нисбат ба 145 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои риоя накардани қоидаҳои муҳоҷират ҷарима таъйин гардида, аз ин теъдод 31 нафарашон барои дағалона вайрон намудани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави мамлакат берун карда шуданд.
Ин маълумот дар натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи сеюми амалиёти «Нелегал-2019», ки зимни баргузории он аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ, бақайдгирӣ, воридот ва хуруҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби онҳо мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ба даст омадааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи тасдиқгардидаи ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, инчунин дар ҳамоҳангӣ мубориза бурдан бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила амалиёти муштараки «Нелегал» гузаронида шуд. Амалиёти мазкур дар тамоми манотиқи мамлакат — шаҳри Душанбе, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт гузаронида шуданд.
Зимни баргузории санҷишҳои муштарак масъалаҳои бақайдгирӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, раводид, назорат ва баҳисобгирии муҳоҷирон, кор бо гурезаҳо ва масъалаҳои шаҳрвандии шаҳрвандони хориҷӣ таҳти санҷиш қарор гирифт.
Санҷишҳои муштараки ҳамоҳангшудаи мақомоти зикршуда аз 9 то 12 сентябр, ки марҳилаи сеюми чорабиниҳои фаврӣ -профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла хариду фурӯши одамонро таҳти унвони шартии «Нелегал-2019» дар бар мегирад, доир гардид.
Дар ин се марҳила 3798 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо ба қайд гирифта шудаанд, 800 корхонаву ташкилот ва маконҳое, ки онҳо дар он ҷо фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, аз ҷумла 136 иншооти сохтмонӣ, ки 725 нафар шаҳрвандони хориҷӣ кор мекунанд, 70 корхонаи истеҳсолӣ, 336 маркази савдо ва хизматрасонӣ, инчунин истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо санҷида шуданд.
Дар натиҷаи санҷишҳо муайян карда шуд, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 145 ҳолати қонуншиканӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла 105 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои будубош, бақайдгирӣ ва вуруду хориҷи онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ, инчунин 40 ҳолати риоя нанамудани қоидаҳои фаъолияти меҳнатӣ содир шудааст.
Баргузор намудани ин гуна амалиёт аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохтору идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қарори Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ҳамасола дар давлатҳои аъзои ин шӯро дар чанд марҳила амалиёти муштараки «Нелегал» гузаронида мешавад.








ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд






