Аҳтам Абдуллозода бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Валериу Кивер мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Валериу Кивер мулоқот намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки дар доираи мулоқот масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон мавриди барррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ҷиҳати баргузории барномаҳои дуҷониба, форуму конфронсҳои муштарак, табодули таҷриба ва амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон бо усулу шаклҳои навини муосир ба тавофуқ расиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ ибрози назар намуда, ин падидаи номатлуби иҷтимоиро маҳкум намуданд.
Ҳамзамон ибрози назар карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон яке аз давлатҳои пешқадам дар Осиё ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалигардонии ин сиёсат дар ин давлат тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.









Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






