ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Айнӣ соҳибкор Маҳмадсолеҳ Солеҳов 6 км роҳи мошингардро навсозӣ кард

Сентябрь 12, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як зумра иншооти муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар деҳаи Ғабируди Ҷамоати деҳоти Анзоб коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн ифтитоҳ гардиданд. Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Амир Ҷӯраев бунёд гардидааст.

Дар деҳаи Марзичи Ҷамоати деҳоти Анзоб толори варзишӣ ба истифода шуд. Толори варзишӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳа ҷойгир буда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аз тарафи соҳибкори ватандӯст  Маҳмадсолеҳ Солеҳов роҳи мошингард аз деҳаи Такфон то деҳаи Ремони Ҷамоати деҳоти Анзоб таъмир ва навсозӣ карда шуд. Дарозии роҳ шаш километрро ташкил медиҳад ва зимни навсозию барқароркунии роҳ қариб дар бист нуқта корҳои таркишӣ ба амал оварда шуданд. Дар натиҷа роҳ хеле васею ҳамвор гардида, тавассути он айни ҳол ду мошин ҳаракат карда метавонанд.

Сентябрь 12, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд