Абдулло Раҳнамо: «Маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад»
ДУШАНБЕ, 21.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар Варшава дар ҷаласаи корӣ оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ бахшида ба озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии фикр, виҷдон, дин ва ақида мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо суханронӣ кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар суханронияш Абдулло Раҳнамо изҳор дошт, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми уҳдадориҳои байналмилалии худро оид ба озодии виҷдон ва ақоиди мазҳабӣ иҷро мекунад, инчунин қонунҳои мамлакат ба намояндагони тамоми динҳо ва равияҳо барои таъсиси муассисаҳои динӣ имкониятҳои баробар муҳайё месозанд.
Дар айни замон ӯ зикр кард, ки маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад, зеро онҳо иттиҳодияҳои динӣ нестанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






