Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи корӣ роҷеъ ба амнияти рӯзноманигорон дар ҳамоиши САҲА иштирок кард

Сентябрь 19, 2019 08:57

ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябр дар шаҳри Варшава дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ дар мавзӯи амнияти рӯзноманигорон сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода суханронӣ кард.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, В.Ниятбекзода дар суханронияш аз тадбирҳое, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди шароити мусоид барои кори рӯзноманигорон андешида мешаванд, ҳарф зад.

Ба иштирокчиён таҷрибаи Тоҷикистон дар таъмини танзими ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорон, кафолат дар гирифтани иттилоот, инчунин масъулияти мавҷудаи рӯзноманигорон манзур гардид.

АКС: ВКХ ҶТ

Сентябрь 19, 2019 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна