БОРИ АВВАЛ ТАЪРИХИ МУФАССАЛИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОН НАВИШТА ВА ЧОП ШУД! Дирӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии ин китоби пурарзиш, ки дар Хуҷанд интишор ёфта, ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст, доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аввалин таърихи муфассали низомии Тоҷикистон дар ду ҷилд бо номи «Таърихи низомии Тоҷикистон» («Военная история Таджикистана») навишта ва чоп шуд. Дирӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии он бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, коршиносон, низомиён ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Муаллифони ин китоби пурарзиш Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов мебошанд. Муаллифон кӯшидаанд таърихи пайдоиши артишро аз қадим то ба имрӯз ба риштаи тасвир кашанд. Барои навиштани ин асари пажӯҳишӣ онҳо аз ҳар сарчашмаи хаттии дастрас истифода кардаанд ва талош намудаанд, шуруъ аз аввалин нишонаҳои пайдоиши артиш то ба имрӯзро бо далоили таърихӣ рӯйи чоп оранд.
Китоб зери назари Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар чопхонаи «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд интишор ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки дирӯз ин китоб дар толори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ширкат ва раёсати муовини Вазири мудофиаи мамлакат генерал-майор Асрор Латифӣ низ муаррифӣ гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба нақли яке аз муаллифони китоб – Илҳои Бониёзов иттилоъ медиҳад, то имрӯз таърихи низомии кишварамон дар илми таърихнигорӣ ба таври комил омӯхта нашуда буд. Ягона кори илмии пурарзиш дар ин мавзуъ китоби «Военная история Таджикистана»-и доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Россия Назаршо Назаршоев маҳсуб меёфт, ки ду бор – солҳои 2002 ва 2009 нашр шуда буд ва таърихи мухтасари низомии Тоҷикистонро асосан дар асри 20 дарбар мегирифт.
Китоби нави «Таърихи низомии Тоҷикистон»(«Военная история Таджикистана») таърихи низомии Тоҷикистонро аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо бозгӯ мекунад.








Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд






