БОРИ АВВАЛ ТАЪРИХИ МУФАССАЛИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОН НАВИШТА ВА ЧОП ШУД! Дирӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии ин китоби пурарзиш, ки дар Хуҷанд интишор ёфта, ба ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шудааст, доир гардид

Сентябрь 6, 2019 13:36

ДУШАНБЕ, 06.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон аввалин таърихи муфассали низомии Тоҷикистон дар ду ҷилд бо номи «Таърихи низомии Тоҷикистон» («Военная история Таджикистана»)  навишта ва чоп шуд. Дирӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯнамоии он бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажӯҳишгарон, коршиносон, низомиён ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ  баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Муаллифони ин китоби пурарзиш Назаршо Назаршоев ва Илҳом Бониёзов мебошанд. Муаллифон кӯшидаанд таърихи пайдоиши артишро аз қадим то ба имрӯз ба риштаи тасвир кашанд. Барои навиштани ин асари пажӯҳишӣ онҳо аз ҳар сарчашмаи хаттии дастрас истифода кардаанд ва талош намудаанд, шуруъ аз аввалин нишонаҳои пайдоиши артиш то ба имрӯзро бо далоили таърихӣ рӯйи чоп оранд.

Китоб зери назари Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар чопхонаи «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд интишор ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки  дирӯз ин китоб дар толори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ширкат ва раёсати муовини Вазири мудофиаи мамлакат  генерал-майор Асрор Латифӣ низ муаррифӣ  гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба нақли яке аз муаллифони китоб – Илҳои Бониёзов   иттилоъ медиҳад, то имрӯз таърихи низомии кишварамон дар илми таърихнигорӣ ба таври комил омӯхта нашуда буд. Ягона кори илмии пурарзиш дар ин мавзуъ китоби «Военная история Таджикистана»-и доктори илмҳои таърих, профессор, академики Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Россия Назаршо Назаршоев маҳсуб меёфт, ки ду бор – солҳои 2002 ва 2009 нашр шуда буд ва таърихи мухтасари низомии Тоҷикистонро  асосан дар асри 20 дарбар мегирифт.

Китоби нави «Таърихи низомии Тоҷикистон»(«Военная история Таджикистана») таърихи низомии Тоҷикистонро аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо бозгӯ мекунад.

Сентябрь 6, 2019 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад