Бори нахуст ҳунарпешагон аз ватани опера дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балет ҳунарнамоӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи консертии Оркестри симфонии Россини баргузор гардид. Ин аввалин барномаи консертии ҳунарпешагон аз ватани опера, яъне Италия дар Тоҷикистон мебошад.
Дар барномаи консертӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Сафири Италия дар Тоҷикистон Андреа Бертотси, намояндагони корпуси дипломатӣ ҳузур доштанд. Дар барномаи консертӣ операи Ҷоаккино Россини «Сартароши Севилӣ» пешниҳоди дӯстдорони ин ҳунар гардид.
Вазири фарҳанг ва Сафири Италия дар Тоҷикистон иброз намуданд, ки «минбаъд баргузории чунин барномаҳои консертӣ ба ҳукми анъана медарояд. Зеро он аз ҷониби тамошобинони тоҷик дар сатҳи баланд истиқбол гардид».
Боиси зикр аст, ки намоиши мазкур яке аз шоҳкориҳои оркестри Россини буда, дар аксари кишварҳои ҷаҳон мухлисони зиёд пайдо кардааст.
Ҳунари волои солистони оркестри номбурда Франсессо Пани, Ҷорҷия Паси ва Ҷулиё Бошетти, маҳорати нотакрори мутрибони оркестр дили аҳли толорро тасхир намуд.
Барномаи консертӣ бо ташаббуси ширкати италиявии “Салини Импреҷило” ташкил карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки «Сартароши севилӣ»-ро Ҷоаккино Россини соли 1816 дар Рим эҷод намудааст. «Сартароши севилӣ» аз қабили шоҳасарҳои опера-буффаи италиявӣ ба шумор меравад, ки дар ин опера истеъдоди беназири Россини басо равшан зоҳир шудааст.
Россони қариб 40 асари операвӣ эҷод намуда, эҷодиёти ӯ ба инкишофи минбаъдаи опера (В. Беллини, Г. Донитсе¬тти, Ҷ. Верди) ва алалхусус таҳаввули санъати операи асри 19-и Аврупо таъсири калон бахшидааст.










Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






