Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор мегардад

Сентябрь 19, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 19.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтора Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кишвари мо Ҳасан Мамадзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба байни ду давлат дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла раванди омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки қарор аст соли равон дар Душанбе баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Сентябрь 19, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд