Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 26.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа» Форуми ҷумҳуриявии занони Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, форуми мазкур таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» Раҳмон Озода Эмомалӣ бо иштироки доираи васеи ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони баруманди мамлакат доир карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, Форуми мазкур аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шарикони рушд роҳандозӣ гардида, пас аз қисмати расмӣ кори он дар бахшҳо идома меёбад. Бахшҳои Форум масъалаҳои муҳими ҳаёти занонро дар мамлакат фаро гирифта, аз ҷониби занони роҳбар ва шахсони баруманд семинару тренингҳо ва мастер классҳо доир карда мешаванд.
Нақш ва мавқеи занону ҷавондухтарон дар зинаи идоракунии давлатӣ, сабаб ва роҳу усулҳои пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши ҷавондухтарону занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти мамлакат, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила- омили устувории оилаҳои ҷавон, нақши занон дар рушди илм ва инноватсия, саҳми занон дар рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавондухтарону занон – омили асосии солимии миллат аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар Форум баррасӣ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки Форуми мазкур дар доираи ба ҳайси Сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори Роҳбар» таъйин гардидани Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ташкил карда шуда, ҳадафи он баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон ва огоҳ намудани онҳо аз хатарҳои замони муосир мебошад.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






