Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Марокаш баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2019 АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр дар Душанбе нахустин даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Марокаш зери роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш Муния Буситта баргузор гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайатҳои ду давлат масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Марокашро дар заминаҳои гуногун ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои муҳими минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор карданд. Дар ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду давлат дар ҳамаи соҳаҳо таъкид гардид.
Нахустин даври машваратҳои сиёсӣ бо имзои ду санад — Протокол дар бораи ҳамкорӣ ва машваратҳои дуҷониба байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш ва Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Подшоҳии Марокаш ба поён расид.








Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд






