Дар Ню-Йорк роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористон баррасӣ гардиданд

Сентябрь 25, 2019 14:31

ДУШАНБЕ, 25.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо хонум Екатерина Заҳариева, муовини Сарвазир оид ба ислоҳоти судӣ ва Вазири корҳои хориҷии Булғористон мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Булғористонро дар соҳаҳои гуногуни  иқтисодиёт, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин дар мавриди самтҳои нави ҳамкорӣ дар ҳошияи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар робита ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм мубодилаи афкор анҷом доданд.

Сентябрь 25, 2019 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд