Дар шаҳри Бӯстон иштирокдорони конфронси назариявӣ имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро баррасӣ карданд
БӮСТОН, 26.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 сентябр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр таҷлил мегардад, дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон конфронси назариявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ» доир гардид. Дар он масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, роҳбарони меҳмонхонаҳо ва намояндагони дигар ширкатҳои сайёҳӣ иштирок ва мубодилаи афкор намуданд.
Дар конфронс муовини раиси шаҳри Бӯстон Хуршед Сатторзода оид ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат, заминаи мусоид баҳри рушди соҳа ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. Номбурда зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ мақомоти салоҳиятдори бахши сайёҳӣ – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон аз ҷониби Парлумон як зумра санаду қонунҳои танзимкунандаи соҳаи сайёҳии мамлакат қабул гардиданд.
Таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳа 180 ширкати сайёҳӣ фаъолияти густурда дошта, нақши онҳо дар муаррифии иқтидори сайёҳӣ ва ташаккули бахши туризм дар мамлакат муассир мебошад.
Дар кори конфронс директори Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии «Зарафшон» Ҷамшед Юсупов дар мавзӯи «Иқтидори сайёҳии вилояти Суғд», муовини ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Замониддин Насриддинов дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии шаҳри Бӯстон» ва роҳбари ширкати сайёҳии «Чимтарға – Travel» Оламафрӯз Раҳмонқулов дар мавзӯи «Таҷрибаи қабули сайёҳон ба Тоҷикистон» маърӯза карданд.








«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






