Дар шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт даври сеюми Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид.
Дар намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони кумитаҳои занони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат доштанд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Гулмуҳаммадзода намоишро ифтитоҳ намуда, ба ҳамаи иштирокдорони ин барномаи сатҳи баланд миннатдорӣ баён намуд.
Дар даври ҷамъбастии фестивали мазкур ғолибони даври дуюми ин барномаи фарҳангӣ аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Инчунин дар намоишгоҳ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои дахлдор, тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва тамошобинони зиёд иштирок намуданд.
Фестивали «Ҷилваи рангҳо» дар доираи иҷрои банди 9 Ҷадвали баргузории фестивал, ид, намоиш ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 «Оид ба баргузории фестивал, ид, намоиш ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Ҳадафи он баланд бардоштани мақоми либоси миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани он дар мамлакат мебошад. Ҷавондухтарону ҷавонписарон ва бонувони зебои тоҷик дар ин барномаи дилнишини фарҳангӣ либосҳои тоҷикиро вобаста ба касбу кор ва мавсими сол бо ороишоти миллӣ тавассути ҳунари волои таронаву рақс манзури иштирокдорони фестивал намуданд.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» барои рушди либоси миллӣ ва муосир, кӯдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон ва саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин истеҳсоли гуногуни матоъҳои ватанӣ мусоидат намуда, мақсади баргузории он арҷ гузоштан ба фарҳанги либос ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар дӯхти либоси миллӣ мебошад.
Ҳамчунин баргузор намудани фестивали мазкур ба эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа равона гардида, анъана ва навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ вобаста ба фаслҳои сол мусоидат менамояд.
Фестивал аз рӯи ҳашт номинатсия-«Либосҳои қадимӣ ва муосири кӯдакону наврасон», «Либос барои персонажҳои афсонавӣ (халқӣ ва муосир)», «Либосҳои рӯзмарраи ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон», «Либосҳои маросимӣ ва идона», «Либосҳои расмӣ», «Либосҳои фароғатӣ» ва «Либосҳо барои хона ва корхона» баргузор гардид.
Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон дар се давр баргузор шуд. Даври аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври ҷамъбастии он дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Барои иштирокчиёни намоиш синни аз 10 то 63 муқаррар гардида, дар ҳар бахш ба намоиш ва ороиши зебои либос эътибори хосса дода шуд.
Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ карда шуда, беҳтаринҳо бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва шахсони ташаббускор барои иштироки фаъолона ва саҳми назаррас бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.























РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд






