Дар шаҳри Новокузнетски Россия ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои «Ҷоми миллӣ» баргузор гардид

Сентябрь 12, 2019 15:51

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар варзишгоҳи бузурги шаҳри Новокузнетски Федератсияи Россия  бо дастгирии ҳукумати вилояти  Кемерово,  ҳукумати шаҳри Новокузнетск,  ҷамъияти тоҷикони  Новокузнетск, инчунин бо иштироки ҷамъиятҳои миллатҳои гуногун бахшида ба ҷашни  фархундаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  мусобиқаи футбол  барои «Ҷоми миллӣ» баргузор гардид. 

Дар мусобиқа бозингарони ҷамъиятҳои   Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва варзишгарони Федератсияи Россия  ширкат карданд. Дар интиҳо ғолибият насиби бозингарони дастаи «Дӯстӣ»-и ҷамъияти тоҷикон гардида, онҳо сазовори «Ҷоми миллӣ» шуданд.

“Мояи хушнудист, ки имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам бо дастгирии ҳамаҷонибаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ парчамбардори миллату Ватан мебошанд. Баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд миёни миллатҳо дар ташаккули дӯстӣ ва ҳувияти худшиносии насли ҷавони мо   аҳамияти хосса дорад”,-гуфт зимни суҳбат раиси ҷамъияти “Дӯстии  русҳову тоҷикон” дар шаҳри Новокузнетск Шавкатҷон Тоҳиров.

Садбарг БОҚИЕВА,
хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР

Сентябрь 12, 2019 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд