Фестивали «Ҷилваи рангҳо». Он дар Душанбе бо ҳазор ранг пешниҳоди иштирокдорон гардид

Сентябрь 26, 2019 17:55

ДУШАНБЕ, 26.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати  иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахт  даври дуюми Фестивали «Ҷилваи рангҳо» доир гардид. Дар давраи навбатии фестивали мазкур  ғолибони ин барномаи фарҳангӣ аз ноҳияҳои  пойтахт иштирок намуданд. Ҷавондухтарону ҷавонписарон ва бонувони зебои тоҷик   дар ин  барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси тоҷикиро вобаста ба касбу кор ва мавсими сол бо  ороишоти миллӣ тавассути  ҳунари волои таронаву  рақс  манзури  иштирокдорони фестивал намуданд.

               Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ифтитоҳи фестивал  нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ба  меҳмонон ва иштирокдорони  ин  барномаи  муҳими фарҳангӣ  паёми шодбошии  Раиси шаҳри  Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро расонд.

«Фестивали «Ҷилваи рангҳо» бо мақсади арҷ гузоштан ба   фарҳанги қадими тоҷикон, аз ҷумла тарғиби  либоси миллӣ,  тарбияи ҳисси зебопарастӣ, завқи эстетикии  либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус рушди  либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон, мардон ва риояи тарзи пӯшидани онҳо дар мамлакат  дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбути Раиси шаҳри Душанбе  роҳандозӣ гардид. Фестивали  мазкур ҳамчунин  барои арҷ гузоштан ба фарҳанги либос равона гардида, он дунёи зебо ва зеҳнияти созандаи  халқи тоҷикро дар дӯхти либосҳои миллӣ баръало таҷассум менамояд», — зикр кард М.Муинӣ.

Муовини Раиси шаҳр махсус ёдовар шуд, ки баргузории Фестивали «Ҷилваи рангҳо» анъана ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро эҳё намуда, дар он тарроҳону дӯзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҳунармандон ва дигар хоҳишмандон иштирок карда, ҳунари волои худро ба дӯстдорони либосҳои тоҷикӣ муаррифӣ менамоянд.

Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ шуда, ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва «Сипоснома»-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Сентябрь 26, 2019 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад