Фестивали «Пур-Нур» таомҳои миллии тоҷиконро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2019/АМИТ «Ховар»/. 21-22 сентябр бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати «Пур-Нур» Фестивали хӯрокҳои миллӣ ва мусиқии «Пур-Нур» баргузор гардид.
Ҳадафи Фестивал рушди соҳаи сайёҳӣ, хӯрокҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи мардум нисбат ба муаррифии хӯрокҳои миллии тоҷикон мебошад.
Фестивал таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ сурат гирифта, дар он таомҳои миллии аз гӯшт ва моҳӣ омодашуда, намудҳои гуногуни хӯришҳо, нӯшокиҳо ва шириниҳо, ки хоси мардуми тоҷиканд, манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар Фестивал ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо маводу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин барои кӯдакон барномаҳои махсуси дилхушӣ ва озмунҳо ташкил карда шуданд.
Дар анҷом аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусӣ ба вазорату идораҳое, ки дар баргузории фестивал саҳм гузоштанд, сипосномаҳо супорида шуданд.














Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид






