«Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид

Сентябрь 24, 2019 15:42

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Иштирокдорони он маърӯзаҳои хешро доир ба гиромидошти об бо афкору андешаҳои нав баён намуданд.

Конференсияи мазкур бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии  фарҳанг ва иттилоотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Шариф Комилзода иброз дошт, ки гиромидошти об ҳамчун неъмати бебаҳо ҳамеша дар мадди назари олимону донишмандон ва фарҳангшиносон  қарор дорад.

Мудири бахши фарҳанги моддии Пажӯҳишгоҳи мазкур Лайлои Носир дар мавзӯи «Гиромидошти об дар афсонаҳои тоҷикӣ» маърӯза пешниҳод намуда, қадри обро чӣ дар афсонаҳои фолклорӣ ва чӣ дар зиндагии имрӯзаи мо хеле баланд арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳ Акобири Абдулло дар мавзӯи «Корбурди об дар зарбулмасалу мақолаҳои халқӣ», Гулзираи  Карим доир ба «Расму ойинҳои марбут ба об дар мисоли ашагулон» ва Гулҳаёи Мадимар «Об дар бовару эътиқоди мардуми Бадахшон» маърӯза намуданд.

Зикр гардид, ки об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад.

Бори аввал ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт, 2005-2015” соли 2003 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд. Худи ҳамон сол бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон гардид. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон намудани соли 2013 қабул кард.

Ҳамчунин  21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»-ро  бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Ин ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон мешавад, ки он аз 22 марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.

Ба хотири гиромӣ доштани об дар ҷаҳон ҳамасола 22 март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об таҷлил карда мешавад.

Инчунин барои баланд бардоштани қадри об дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об  ва моҳи июни соли 2015 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” баргузор гардида буданд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 24, 2019 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад