ХАБАРИ ХУШ: Баҳодур Усмонов дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ғолиб омад!
ДУШАНБЕ, 13.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз боксчии машҳури Тоҷикистон, чемпиони Осиё дар соли 2019 Баҳодур Усмонов дар аввалин вохӯриаш дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, ба ғалаба ноил шуд. Ӯ дар вазни 63 килограмм боксчии украинӣ Олександр Железнякро бо натиҷаи софи 5:0 шикаст дод ва акнун дар даври дуввум, 14 сентябр бо боксчии турк Эрдемир Тюгрул вориди майдони рақобат мешавад. Дарн ин бора шореҳи варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар 20-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ғайрикасбӣ, ки аз 7 сентябр инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, 4 нафар боксчиёни Тоҷикистон — Бахтовар Сагизов (то 57 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев ( то 81 кг) ва Баҳодур Усмонов ( то 63 кг) иштирок доранд.
Бахтовар ва Мирзомуҳаммад дар зӯрозмоиҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд ва Шаббос бар Лиридон Нуаи шведӣ ғолиб омада, ба даври дуюм роҳ ёфт. Ӯ дар вохӯрии навбатӣ бо боксчии мисрӣ Абдураҳмон Орабӣ қувва месанҷад.










БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






