Хадамоти давлатии оташнишонӣ баҳри пешгирӣ аз сӯхтор машқҳои тактикӣ гузаронид

Сентябрь 30, 2019 10:18

 ДУШАНБЕ, 30.09.2019./АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи муштарак бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани тоҷик» дар истгоҳи Душанбе 2, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ  бо мақсади пурзӯр намудани корҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон  машғулияти тактикӣ гузаронид.

Тавре  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,
аз рӯи сенарияи тарҳрезишудаи ин машғулияти  тактикӣ гӯё дар яке аз систернаҳои мавҷудаи  сӯзишворӣ дар роҳи 3-юми Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе-2  сӯхтор ба амал омадааст. Навбатдори истгоҳ бо қабули хабари сӯхтор  дар як маврид ба хадамоти таъҷилии дахлдор ва роҳбарияту мутасаддиёни КВД «Роҳ оҳани тоҷик» хабар расонида, ба ҷои ҳодиса қатораи махсуси оташнишонӣ  даъват намуд. Бо эълон гардидани бонги хатар оид ба  ҳодисаи сӯхтор дружинаи идоравии оташнишонии истгоҳи мазкур  ва дигар кормандони масъули он тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда, фавран  систернаи оташгирифтаро аз дигар систернаҳо ҷудо намуда, ба масофаи бехатар бурданд. Ҳамзамон бо воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишонии дар ихтиёрдоштаашон ба хомӯш намудани сӯхтори шартӣ дастаҷамъона шурӯъ намуданд. Дар ин замон  қатораи оташнишонӣ бо басти навбатдор, кормандони милитсияи нақлиётӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ ва кормандони барқ низ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда,  ба бартарафсозии ҳодисаи сӯхтор, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷароҳатбардоштагон, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷрои дигар  чораҳои зарурӣ дар маҳалли ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ  ва сари вақт хомӯш намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар анборҳои муттаҳидаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар суроғаи шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ низ  машқи тактикӣ — оташнишонӣ бо истифода аз чор адад  мошинҳои  оташнишонӣ  гузаронид.

Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи нақша,  гӯё анборҳои мазкур дар масоҳати зиёда аз сесад метри мураббаъ оташ гирифтаанд. Дастаи идоравии оташнишонии номбурда фавран оид ба  сӯхтори шартӣ ба Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод. Оташнишонон аз рӯи уҳдадориҳои вазифавии хеш   аввалан  ба таҳлияи муташаккилонаи одамон ва молу ашёи дохили анборҳо бо истифода аз воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторхомушкунӣ  шурӯъ намуданд.

Кормандони тиб  низ маҳорати баланди касбӣ зоҳир намуда, ба нафарони эҳтиёҷманди дар ин сӯхтор қарордошта  ёрии таъҷилӣ расониданд. Зимни хомӯш намудани сӯхтор оташнишонон дар якҷоягӣ бо дастаҳои зикргардида  маҳорати баланди касбӣ  нишон дода,  сӯхторро дар масоҳати аввалааш бо истифода аз гидранту мотопомпа пурра хомӯш намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар макони ҷойгиршавии корхонаву муассисаҳо  дар якҷоягӣ бо сохтори марбутаи онҳо  машғулиятҳои амалии тактикӣ — оташнишонӣ  баргузор менамояд.

Сентябрь 30, 2019 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд