ИМРӮЗ – РӮЗИ МЕЛИОРАТОРОН. Соли равон беҳтар кардани ҳолати мелиоративии қариб 9937 гектар дар назар аст

Сентябрь 13, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 13.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳи барқӣ бо кумаки Иттиҳодияи аграрии водии заррин, барқарорсозӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 320 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва кашидани қубури обгузар дар мавзеи Ҳоитро ба нақша гирифтааст. Ин матлабро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод РАҲМОН дар арафаи Рӯзи мелиораторон, ки ҳамасола 13 сентябр таҷлил карда мешавад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сентябр ҳамчун Рӯзи мелиораторон ҷашн гирифта мешавад. Иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии об дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки дар саросари мамлакат баҳри обёрии заминҳои кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастархони мардум кормандони хоҷагии об пайваста  заҳмат мекашанд. Дар солҳои истиқлолият кормандони соҳа баҳри иҷрои вазифаҳои бардӯшдошта, аз ҷумла муташаккилона гузаронидани мавсими обдиҳӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва аз худ намудани заминҳо камари ҳиммат баста, сарбаландона заҳмат кашиданд.

Ба маълумоти директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид, ки дар доираи он давоми 5 сол беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 48 572 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ  ба нақша гирифта шудааст. Барои татбиқи ин барнома 51 млн. сомонӣ маблағ равона карда мешавад.

Зикр гардид, ки инчунин дар айни замон бо дастгирии Пешвои миллат барои таъмин ва барқарорсозии дастгоҳҳои кӯҳна 165 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Бо мақсади дастгирии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ айни ҳол 5 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки як қисматаш ба охир расида, қисмати дигар мавриди амаланд.

Аз ҷумла, таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим-солҳои 2014-2019, ки  мақсади он ба беҳбудии рӯзгори мардуми ҳавзаи дарёи Панҷ,  ки аз таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиранд, бо мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои техникӣ, барқарорсозии инфрасохтори системаи обёрикунӣ, шабакаҳои обкашӣ ва муҳофизати онҳо аз селу обхезӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим равона гардидааст,  татбиқ шуда, ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Восеъ, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ  ва Рӯшон 18 ҷамоати ин ноҳияҳои ҳавзаи дарёи Панҷро фаро мегиранд.  Обёрии заминҳои водии  Данғара солҳои 2013-2019, марҳилаи 3-ро фаро гирифта, ҳадафи марҳилаи сеюм- ин обёрӣ намудани 1750 га заминҳои нав ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 8 ҳазор аҳолии деҳот мебошад. Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ (марҳилаи 2), солҳои  2013-2020 ба анҷом расида истодаанд.

Дар айни ҳол Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, солҳои  2016-2022 амалӣ гардида истодааст. Мақсади лоиҳа ба беҳбудии рӯзгори мардуми ҳавзаи дарёи Панҷ ва беҳтар намудани зироаткории обёришаванда ва идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, қисмати ҷанубии Тоҷикистон равона гардидааст.

«Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, ки  яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин омили асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, барои иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат—таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамаркази сохтмони асосии Агентӣ таъмин ва барқарорсозии 1450 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла, ноҳияҳои Ҳисор, Рашт, Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Нуробод, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Конибодом дар назар дошта шудааст»,-гуфт Холмурод Раҳмон.

Ба гуфтаи номбурда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамаркази сохтмони асосии Агентӣ 14,4 млн сомонӣ, аз ин 12,7 млн. сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин маблағ 80 гектар замини нав бояд аз худ карда шаванд. Таъминоти об дар 257 гектар заминҳо беҳтар гардида, 1450 гектар заминҳои  аз гардиши кишоварзӣ берунмонда бояд ба гардиши кишоварзӣ дароварда шаванд.

Соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамаркази сохтмони асосии Агентӣ беҳтар кардани ҳолати мелиоративии 50 гектар замин ва аз дигар манбаъҳо беҳтар кардани ҳолати мелиоративии қариб 9937 гектар замин дар назар дошта шудааст.

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон дар интиҳои суҳбат тамоми   кормандони соҳаро бо Рӯзи мелиораторон табрик намуда, зикр кард, ки мелиораторони ҷумҳурӣ кӯшиш менамоянд, ки дар шодоб намудани заминҳои бекорхобидаи водии Данғара, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарору таъмир намудани иншооти гидротехникӣ, аз худ намудани заминҳои нав ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ саҳм гузоранд.

Сентябрь 13, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид