Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии қалб. 80 фоизи марги пеш аз муҳлатро, ки аз сактаи дилу майнаи сар ба амал меояд, метавон пешгирӣ кард

Сентябрь 29, 2019 08:52

ДУШАНБЕ, 29.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии қалб, ки ҳамасола 29 сентябр дар аксари кишварҳои дунё  таҷлил  мегардад, бори аввал соли 1999 бо ибтикори  Федератсияи умумиҷаҳонии қалб пешниҳод гардида  буд. Ин ташаббусро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ), ЮНЕСКО ва дигар  созмонҳои  бонуфузи ҷаҳон  дастгирӣ намуданд. Мақсади роҳандозӣ намудани  он бори дигар огоҳ намудани инсоният аз  хатарҳоест, ки  дар натиҷаи  эпидемияи бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар ба одамон таҳдид мекунад. Ҳамзамон таҷлили ин рӯз ҷиҳати андешидани чораҳои фарогири профилактикӣ нисбат ба бемориҳои фишор ва сактаи сар дар байни  аҳолӣ  ва дарёфти роҳҳои  самарабахши пешгирии он  заминаи мусоид фароҳам меорад.

 Чаро бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар меафзоянд?

Федератсияи умумиҷаҳонии қалб дар якҷоягӣ бо ТУТ  ба ин муносибат дар беш аз сад кишвари дунё чорабиниҳои гуногуни иттилоотию фароғатӣ  ва  маърифатӣ   мегузаронад. Аз ҷумла,  дар ин рӯз азназаргузаронии дастҷаъмонаи саломатии аҳолӣ, ҷаласаҳои илмӣ, ки дар онҳо оид ба мавзӯи мавриди назар маърӯзаҳо  пешниҳод мегарданд, инчунин намоишномаҳо, консертҳо, сайру гашти муташаккилона ва мусобиқаҳои спортӣ  доир  мешаванд.

Тибқи иттилои коршиносон, айни замон бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар сабаби асосии гирифторӣ ба марг ва маъюбӣ дар ҷаҳон гардидаанд. Ҳар сол ин беморӣ ҳаёти беш аз 17 ҳазор одамро аз байн мебарад. Сабаби  афзоиши   бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, пеш аз ҳама, баландшавии фишори хун, афзоиши сатҳи  хлостерин ва қанд дар хун, сигоркашӣ, истеъмоли ками сабзавоту меваҷот, фарбеҳии зиёд ва  беҳаракатӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки тарзи носолими ҳаёт, ки ба бемориҳои қалб мувоҷеҳ мегардонад, аксар вақт дар синни кӯдакиву наврасӣ поя мегиранд, ки бо афзоиши он  таҳдидашон бештар мегардад. Аз ин рӯ,  пешгириро ҳанӯз аз овони хурдсолӣ  бояд ба роҳ монд.

Метавон 80 фоизи марги пеш аз муҳлатро, ки аз сактаи дилу майнаи  сар ба амал меояд, пешгирӣ кард, ба шарте, ки тарзи ҳаёти  солимро  интихоб намоем,  масалан  агар аз истеъмоли тамоку худдорӣ кунем, ғизои муфид истеъмол  намуда,  фаъолияти ҷисмониямонро  бештар   гардонем.

Дил  на танҳо узви инсон, балки меҳвари зиндагонии  ӯст

Таъсис ва ҷашнгирии рӯзи байналмилалии қалб  беҳуда нест, зеро тамоми ҳастии инсон, рӯҳия, тандурустӣ, неруву бовар, меҳру муҳаббати ӯ ба дил вобастагӣ доранд. Ҳолати инсон – ҳолати дил аст. Агар инсон дилаш зебост, ӯ ҳам зебост, агар инсон дилаш тавоност, ӯ ҳам тавоност, агар дил шод аст, инсон шод аст, агар дил ғамгин аст, одам  ғамгин аст ва агар дил пок аст инсон низ пок аст. Яъне инсон, пеш аз ҳама, таҷассуми дили худаш аст.

Дил, яъне қалб меҳвари зиндагии инсон аст. Тамоми ҳастии инсон вобаста ба эҳсосоту самимияти ӯ дар гирди ҳамин меҳвар чарх мезананд. Инсон бо ҷон, яъне рӯҳ зиндааст, аммо маҳз дил аст, ки зиндагии инсонро маъно, шукӯҳу таровату гармӣ мебахшад. Вақте мо дил мегӯем, моро андешаву орзу, ормону муҳаббату эҳсосот фаро мегирад. Инҳо ҳамон чизҳое ҳастанд, ки дар дил маскан доранд. Дил хонаи орзуву ормонҳост,  хонаи меҳру муҳаббат аст, албатта агар пок бошад, нек бошад, хайрхоҳ бошад.

Дар забони тоҷикии мо аз вожаи дил ҳазорон таъбиру  маъно сохтаанд. Дил ба ғайр аз он ки як узви хунгардонии инсон аст, боз маънои дарун — ботин, олами ниҳони рӯҳонии инсонро низ дорад. Дил ба маънии ҷон ва рӯҳи инсон ҳам меояд. Дил ҳамчунон маънои фикру андешаро дорад,  он  майлу рағбату хоҳиш аст. Аз дил далериву шуҷоати инсон вобастагӣ дорад. Оқибат дил макони муҳаббату ишқ аст. Дил чигунагии симои инсон, шахсияти ӯро муайян мекунад, дил раҳнамои инсон дар ҷодаҳои зиндагист. Бубинед: дили ободу дили вайрон, дили кабобу дили осуда, дили ҷамъу дили парешон, дили нарму дили сангин ва садҳо таъбири дигар сохта шудаанд, ки ҳар яке бозгӯи сифату шахсияти инсонанд. Ҳамчунин, таъбирҳои  дил додану дил бигрифтан, дил доштану дил дуздидан, дил кашидану дил кушодан, дил об кардан, дил оростан, дил сӯхтан, дил холӣ кардан, дил аз даст бурдан, дил бохтану дил додан, дил об кардан, дил афрӯхтан ва садҳо ибораву таъбирҳои маҷозиву рамзие, ки аз вожаи дил метавон сохт,  ҳар яке як олам бори маъно мекашанд.

Вожаҳои марбут ба дил ҳар яке метавонанд таҷассуми шахсияти инсон бошанд, ҳолатҳои рӯҳии ӯро ифода кунанд, маъниву мароми инсонӣ ва ғайраҳоро баён намоянд. Шояд вожаи дигар дар ин сифат, яъне фарогирии ҳама паҳлуҳои маънавию рӯҳонии инсон ба вожаи дил баробар шуда натавонад. Бубинед: дилангез, дилбар, дилафсурда, дилгир, дилгудоз, дилкашол, дилкаш, дилкӯр, дилмурда, дилреш, дилтанг, дилоро… Ва сохтани маъниву таъбиру вожаҳои нав ба нав аз ин вожа поён надорад. Истифодаву корбурди чунин вожаҳоро дар шеъри гузаштаву имрӯзаи мо метавон фаровон мушоҳида кард. Масалан, истифодаи вожаҳои хушдилӣ ва дилафрӯз аз ҷониби Хоҷа Ҳофиз:

Шаби суҳбат ғанимат дону доди хушдилӣ бистон,

Ки моҳе дилфурӯз аст ону  тарфи лолазоре хуш.

Ё корбурди вожаи дилнавоз аз ҷониби Мавлоно Ҷомӣ:

Лайлӣ чу ниёзмандияш дид,

В-он нуктаи дилнавоз бишнид.

Дар адабиёти навини мо корбурди шоиронаи вожаи дил дар осори аксари адибони маъруфамон ба назар мерасад, хусусан истифодаи фаровони онро дар рубоиёти Абдулқосим Лоҳутӣ мушоҳида мекунем:

Сар омад давраи маҷҳурии дил,

Расид охир ба охир дурии дил,

Шарар берун ҷаҳад аз сина гӯӣ,

Чароғон аст дар ҷумҳурии дил.

Тобишҳои зиёд ва тароватҳои тозаи маънавии вожаи дил хусусан дар шеърҳои устод Лоиқ бештар дурахшон аст:

Дили ман, эй дили ман, эй дили ман,

Раҳи ман, раҳбари ман, манзили ман!

Маро куштӣ ту дар роҳи ҳавасҳо,

Бади ман, душмани ман, қотили ман!

Метавон овардани далелҳоро  беохир идома дод, зеро дар забони шоиронаву ноби тоҷикӣ вожаи дил ё қалб аз вожаҳое ҳастанд, ки ба муҳаббату самимимияту эҳсосоти инсонӣ марбутанд. Ва мо худ миллате ҳастем  дилошнову  дилшиносу дилогоҳ. Аз ин рӯ, аз Рӯзи  ҷаҳонии  дил ба хушӣ истиқбол мекунем. Ва шояд Рӯзи байналмиллалӣ эълон доштани ин рӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо он ҳадафи нек аст, ки мардуми олам аз дил ба дил роҳ кушоянду ба дили ҳамдигар роҳ ёбанд ва оқибат бо ҳам ҳамдил бошанд, зеро хушбахтии инсоният маҳз аз ҳамдилии инсонҳои рӯйи замин вобастагӣ дорад.

Ва албатта, хушбахтии мо тоҷикон, ки ба Истиқлолияти давлатии худ расидаем, пайгирӣ карданамон мақсад ва ҳадафҳои баланди милливу инсониро  ва расиданамон ба пирӯзиҳо вобастагӣ дорад ба ҳамдиливу аз як гиребон сар бароварданамон, ки асоси ваҳдати миллӣ ва осоиштагиву хушрӯзии мо хоҳад буд. Бинобар ин муборак бод ба ҳамагон Рӯзи байналмиллалии дил!  Бигзор, ҳар рӯзи мо рӯзи дил, яъне рӯзи ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзи меҳр, рӯзи ишқу муҳаббат бошад! Бигзор,  дар партави дилҳои дурахшони ҳамдигар роҳамон, рӯзгорамон, симоямон ҳамеша равшану нурафшон бошад!

 Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
Ходими адабии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2019 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд