Истиқбол аз ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2019 16:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мегардад,  дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони он маҷлиси тантанавӣ доир   гардид.  Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати кормандонро бо ин санаи фархунда ва таърихӣ табрик намуда, ба онҳо барои саҳм гузоштан дар рушди низоми бонкӣ комёбиҳо орзу намуд. Мавсуф зикр кард, ки бо соҳибистиқлол гардидани  Тоҷикистон дар китоби таърихи миллат саҳифаи нав бо номи даврони Истиқлолият оғоз гардид.

Раиси БМТ бо ёдоварӣ аз солҳои аввали Истиқлолият таъкид намуд, ки бунёди давлати миллӣ марҳилаи бисёр душвор ва ҳассос буд. Аз нахустин рӯзҳои эълони Истиқлолият мушкилоти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ки хоси ҳамин марҳила аст, дар мамлакат пеш омада, мамлакат ба гирдоби буҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию маънавӣ мувоҷеҳ  гардид.

-Ба бахти миллати тоҷик ва бо амри тақдир дар он айёми сарнавиштсоз масъулияти роҳбарии Тоҷикистон ба дӯши фарзанди  ватанпарасти миллат, сиёсатмадори барҷаста Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Пешвои миллати мо бо такя ба имону виҷдон ва донишу хиради мардуми шарифамон тавонистанд ба Тоҷикистон сулҳ оваранд ва зиндагии орому осударо дар мамлакат таъмин намоянд,-иброз дошт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлолият ва раҳбариву раҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз чор ҳадафи стратегии мамлакат – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ зина ба зина амалӣ шуда истодаанд. Ин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба давлати содиркунандаи неруи барқи арзону аз лиҳози экологӣ тоза ва қаламрави транзитӣ табдил ёфта, тадриҷан дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи шоиста пайдо намояд.

Гуфта шуд, ки яке аз рӯйдодҳои  фараҳбахши даврони Истиқлолияти давлатӣ- ин ба истифода додани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” аст. Дар ин маврид Ҷамшед Нурмаҳмадзода ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллатро махсус зикр карда, гуфт, ки имсол дар  рӯзи таҷлили ҷашни фархундаи Истиқлолият чархаи дуюми ин иншооти бузурги аср ба истифода дода мешавад. Ин саҳифаи заррин дар китоби таърихи давлатдории нави мо буда, барои пешрафти  мамлакат ва таъмини истиқлолияти энергетикиямон заминаи мусоид мегузорад.

-Саҳми барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар бунёди давлати миллӣ, балки дар таҳкими пояҳои ҷомеаи имрӯз, аз ҷумла ташкил ва рушди низоми бонкии мамлакат арзанда мебошад. Имрӯз низоми бонкии мамлакат ҳамқадами Истиқлолият пеш меравад ва ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Вазифаи ҷонии ҳар кадоми мо гузоштани саҳми назаррас дар пешрафти низоми бонкии мамлакат ба ҳисоб меравад, -таъкид намуд Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони фаъоли Бонки миллии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон»  ва Ифтихорномаи Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Сентябрь 6, 2019 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1137 то 0.1160 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4681 то 9.5000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҲИСОБАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Байни «Амонатбонк» ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи коршиносони миллӣ барои омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми муайян доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 долари ИМА аз 9.5123 то 9.5500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1134 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Роғун бинои нави филиали «Амонатбонк» ба истифода дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1119 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4713 то 9.5800 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас ҷашн гирифтанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1165 то 0.1300 сомонӣ муқаррар шудааст