Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Чор нафар сайёҳи исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр раҳгум зада буданд, наҷот ёфтанд»
ДУШАНБЕ, 23.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чор нафар сайёҳи исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум задаанд, наҷот дода шуданд. Онҳо дар маконе роҳгум задаанд, ки на мошин ва на чархбол имкони рафтан надошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кормандони воҳиди вокуниши фаврии Кумита дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои наҷоти сайёҳон чор шабонарӯз талош карда, билохира онҳоро бе бардоштани ягон осеб ба шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе интиқол доданд.
«Наҷотдиҳандагони Кумита ҳамроҳ бо кормандони наҷоти Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар ВМКБ амалиёти фаврӣ- садамавии наҷотро бомуваффақият ба анҷом расонида, сайёҳони исроилиро аз хатар наҷот доданд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Гуфта мешавад, ки 17 сентябр ба қисми навбатдории Кумита барои дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр, дар қаламрави ноҳияи Шуғнон роҳгум задани ин сайёҳон сигнали «SOS» ирсол карда шудааст.
Зимни гузаронидини корҳои наҷотдиҳӣ муайян карда шуд, ки ин чор сайёҳ 23 — 26-сола буда, яке аз онҳо зан мебошад. «Онҳо дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр, дар наздикии маконе бо номи Кулини ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон қарор доранд», — илова намуд манбаъ.
Кумита иттилоъ додааст, ки боло рафтан ва расидан ба ин баландӣ на бо мошин имкон дошт ва на бо чархбол. Аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз аспҳо ва техникаву таҷҳизоти махсус истифода бурдаанд.
19 сентябр наҷотдиҳандагон ба макони ҳодиса расиданд. Аввалин коре, ки анҷом дода шуд, ин ба Бену Моше Шай расонданди кумаки аввалини тиббӣ мебошад. Мавсуф бар асари камбудии оксиген дар баландӣ бемор шуда буд.
«Субҳи 20 сентябр наҷотдиҳандагони Кумита сайёҳонро ба аспҳо савор карда, бо ёрии заврақе, ки дар кӯли Сарез омода шуда буд, ба майдони парвози чархбол расонданд. Аз он ҷо онҳо ба шаҳри Хоруғ бурданд. Ду нафар дар ин шаҳр мондаанд ва ду тани дигар ба Душанбе фиристода шуданд. Барои расонидани кумакҳои тиббӣ онҳо аз фурудгоҳ ба бемористони «Истиқлол» интиқол дода шуданд»,- афзуд манбаъ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандону меҳмонони мамлакат мерасонад, ки қабл аз дар ҳайати гурӯҳҳои сайёҳӣ ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар намудан аз қайди хадамоти наҷот гузаранд.
«Агар шумо танҳо озими кӯҳҳо шудед, дар ин бора ба хешовандонатон хабар диҳед ва захираи кофии хӯрок, об, доруворӣ, сару либоси гарм ва телефони мобилиро бо худ гиред», — ҳушдор медиҳад Кумита.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






