Мануэл Загер: «Швейтсария беш аз 20 сол аст, ки шарики боэътимоди Тоҷикистон мебошад»

Сентябрь 6, 2019 14:16

ДУШАНБЕ, 06.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Швейтсария давоми зиёда аз 20 соли охир шарики бениҳоят боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин  нуктаро имрӯз Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро  пас аз мулоқот бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон иброз намуд.

Номбурда зикр намуд, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар бораи дӯстии деринаи байни  ду давлат суҳбат доштем.  Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минатдории мардуми Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Швейтсария барои дастгирие, ки давоми 20 соли охир пешниҳод шуда истодааст, баён намуданд.

Ҳамчунин  Мануэл Загерро  иброз намуд, ки   зимни мулоқот мо бо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини об ва беҳдошт, кам кардани сатҳи офатҳои табиӣ ва хусусан вобаста ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, ки ин масъала   ҳам барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам барои Ҷумҳурии Швейтсария имрӯз мушкилиҳо дорад, суҳбат доштем.

Инчунин зикр карда шуд, ки Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ ба ВМКБ барои амалисозии лоиҳаҳо дар ҷодаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, инчунин оби ошомиданӣ кумак расонида истодааст.

Мануэл Загерро  дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Аз истиқболи гарму самимӣ ва  меҳмоннавозии  сатҳи баланди мардуми шуҷои Тоҷикистон  шодам ва ба онҳо  миннатдорӣ баён менамоям».

Бояд зикр намуд, ки имрӯз, 6 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро  мулоқот доир намуданд.

 

Сентябрь 6, 2019 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна