МАРҲАБО БА ОЛАМИ КИТОБ! Пагоҳ Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад

Сентябрь 3, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 3.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 4-уми сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи китоб ва бо назардошти муҳимияту гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 6 сентябр гузаронида мешавад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, озмун аз се номинатсия – «Ношири муваффақ», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» ва «Муаллифи сермаҳсули сол» иборат аст.

Дар доираи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият», озмуни «Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр» бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 50 муассиса – ноширони ватаниву хориҷӣ, китобхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, донишгоҳҳо ва ҷамъиятҳо даъват шудаанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки дар намоишгоҳ ноширон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Туркия, Ўзбекистон, Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Беларус, Ҷумҳурии мардумии Чин, Франсия ва дигар давлатҳо иштирок кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи китоб ба ҳукми анъана даромадааст.

Икдоми мазкур аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуда, дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо мамолики бо мо дўсту бародар нақши созгор мебозад.

Сентябрь 3, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад