Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Таҳқиқи таъриху фарҳанги Кӯшониён дар мисоли ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар конфронс олимону муҳаққиқон оид ба паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги давлати Кӯшониён, натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ ва аҳаммияти ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар омӯзиши ин давраи муҳимми таърихӣ маърӯзаҳои илмӣ намуда, мавқеи муҳимми давлати Кӯшониёнро дар таърихи рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа таъкид карданд.
Дар конфронс масъалаҳои марбут ба омӯзиши катибаҳои таърихӣ, хусусиятҳои фарҳанги моддӣ, рушди ҳунармандӣ, оини тадфин, низоми сиёсиву иқтисодӣ ва робитаҳои фарҳангии давлати Кӯшониён бо тамаддунҳои ҳамсоя баррасӣ гардида, инчунин, аҳаммияти натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ барои муайян намудани хусусиятҳои рушди таърихию фарҳангии минтақа таъкид гардид.
Ҳадафи асосии конфронс омӯзиш ва баррасии масъалаҳои муҳими таъриху фарҳанги давлати Кӯшониён дар асоси маводи бостоншиносӣ ва ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани нақши ин давлат дар шаклгирии миллати тоҷик ва рушди тамаддуни минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки давлати Кӯшониён яке аз давлатҳои муҳими таърихии Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, нахустсарзамини онҳо ҳудуҳои кунунии Тоҷикистон мебошад, ки ёдгориҳои бозмонда аз ин давраи пуршукуҳ тасдиқкунандаи гуфтаҳои болост. Ин давлат дар давраҳои қадим дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақа саҳми назаррас гузошта, байни асрҳои I пеш аз мелод то III мелодӣ дар радифи империяҳои ҷаҳони бостон: Ашкониён, империяи Рум ва Хоқони Чин қарор дошт.
Дар ин замина, андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақоми таърихии давлати Кӯшониён аҳаммияти махсус доранд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» давлати Кӯшониёнро «ҳалқаи заррине дар силсилаи давлатдории ориёиҳои тӯронӣ» арзёбӣ намуда, нақши онро дар таҳкими суннатҳои давлатдорӣ, пуштибонӣ аз Роҳи Бузурги Абрешим ва рушди тамаддуни башарӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид менамоянд. Ин андеша ҷойгоҳи хоси Кӯшониёнро дар таърихи минтақа инъикос намуда, аҳаммияти омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии ин давраро барои дарки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳони бостон бозгӯ мекунад.
Ёдгориҳои бостоншиносии дар ҳудуди Тоҷикистон ошкоршуда барои омӯзиши таърихи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ин давра ва муайян намудани хусусиятҳои рушди ҳунар ва дигар шуғлҳо аҳаммияти муҳим доранд.
Баргузории конфронси «Таҳқиқи таъриху фарҳанги Кушониён дар мисоли ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон» барои табодули таҷрибаи илмӣ, муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти нав ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ замина фароҳам оварда, ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






