«НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ». Дар Душанбе таҳти ин ном Конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид

Сентябрь 4, 2019 13:08

ДУШАНБЕ, 04.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни бағоят муҳими таърихию сиёсӣ табрику таҳният гуфта, оид ба таърих ва нақши истиқлолияти давлатӣ дар эъмори сохти давлатдорӣ ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маълумоти муфассал дод.

Мавсуф иброз дошт, ки маҳз истиқлолият ва ваҳдати комил симои Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари сайёҳӣ муаррифӣ сохт ва таҳти сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатӣ дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла сайёҳӣ ва устувор гаштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд.

Зикр гардид, ки рушди сайёҳӣ дар дилхоҳ давлат бо таъмини заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, бунёди таҳкурсии конунгузорӣ вобастагӣ дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, таҳия ва тасдиқи “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва бори нахуст муқаррар намудани нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, “Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои солҳои 2019-2022”, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 “Дар бораи руйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ”, ворид намудани тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» вобаста ба ҷорӣ намудани хироҷи сайёҳӣ.

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ низ назаррас арзёбӣ гардида, дар ҳашт моҳи соли 2019 зиёда аз 45 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуд ва дар маҷмуъ шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 190 адад расид.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар соли 2018 бори нахуст ба ҷумҳурӣ 1 миллиону 154 ҳазору 478 нафар ба ҳайси сайёҳ сафар намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 723556 нафар ё ба андозаи 2,6 маротиба зиёд аст.

Дар ҳашт моҳи соли 2019 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 843738 нафар меҳмонону сайёҳон ташриф оварданд.

Бо шарофати ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳашт моҳи соли 2019 Ватани маҳбубамон мувофиқи иттиллои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Дар рӯзҳои аввали соли 2019 нашрияи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон дар соли 2019 тавсия  медиҳад. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бойи қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб ва мафтун намудааст.

Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии DestinationRecomended.com Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё дониста шуда, ба ин даҳгона инчунин Озарбойҷон, Ҷопон, Шриланка, Сингапур, Ҳиндустон, Чин, Индонезия низ ворид карда шудаанд.

Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст.

Тобистони имсол Тоҷикистон дар қатори даҳ макони машҳуртарини хориҷӣ дар байни шаҳрвандони Россия дохил шуд, менависад ТАСС бо истинод ба хадамоти банақшагирии OneTwoTrip.

Тибқи барномаи ҳамоиш муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин, муовини Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадзода Парвиз, роҳбари Дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, роҳбари ширкати сайёҳии ҶДММ “Панҷакент интур” Фаридун Ҳамроев оид ба нақши истиқлолият дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми кори ҳамоиш миёни иштирокчиён доир ба таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, содиқ будан ба ҳифзи манфиатҳои давлату ҳукумат, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сентябрь 4, 2019 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон дар доираи таҳқиқи арзишманд муаррифӣ гардид
Дар Душанбе оид ба омодагӣ ба Форуми сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ брифинг доир шуд
Телефони боварии Кумитаи рушди сайёҳӣ мушкили беш аз 30 ҷаҳонгарди хориҷиро бартараф намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 34 ҳазору 80 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд
Ба шаҳри Норак беш аз 39 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи сайёҳони хориҷӣ ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ зиёд шудааст
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Бунёди Ҳаннс Зайдел тақвият медиҳад
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба даврҳои омӯзишии «Фарҳанги дастархондорӣ» ҷалб гардиданд
«Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» самаранок татбиқ мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 28 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар даври якуми қабул ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор донишҷӯ дохил шуд