Неъматулло Ҳикматуллозода ва Франс Вессиг ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистону Австрияро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва директори генералии ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати федеролии рақамӣ ва иқтисоди Ҷумҳурии Австрия, ҳамраиси қисми австриягии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ Франс Вессиг, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи номбурда дар давлати мо қарор дорад, мулоқот намуданд.
Зимни мулоқоти мазкур рушд ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тақвият додани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва саноатӣ, иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи дар доираи Комиссияи мазкур баимзорасида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар мулоқот ҷалби сармояи австриягӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳо муҳокима шуданд.









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






