Оғози сохтмони маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ бо меҳмонхонаи замонавии 24-ошёнаи «GRAND RUDAKI TOWER» дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 04.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 4 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 24 ошёна ва ду адад апартаментҳои резиденсии (қароргоҳӣ) 18-ошёнаи «GRAND RUDAKI TOWER» санги асос гузоштанд.
Тавре зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур бо назардошти талаботи муосири хизматрасонӣ бунёд ёфта, сохтмони он дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бо сатҳу сифати баланд ва талаботи муосири меъмориву шаҳрдорӣ анҷом дода мешавад. Худи бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт.
Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Себистон-2018» бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт. Аз ҷумла, дар меҳмонхонаи панҷситорадор 2 ҳуҷраи Президентӣ, 30 ҳуҷраи люкс ва полулюкс, 20 утоқи дуҳуҷрагӣ ва 100-тои дигар ҳуҷраҳои стандартӣ бунёд мегардад. Муҳлати сохтмони ин иншооти замонавии хизматрасонӣ ду сол пешбинӣ гардидааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмааи мазкур дорои имкониятҳои васеи хизматрасонии фароғатӣ буда, тибқи тарҳи омодагардида, дар ҳудуди иншоот 2 тарабхона, 1 тӯйхона, 2 қаҳвахона, маркази дилхушии кӯдакон ва 4 адад толори маҷлисӣ низ бунёд мегарданд. Пас аз бунёд, барои мизоҷон SPA-хизматрасониҳо низ пешниҳод мегарданд, зеро дар ин ҷо бунёди 2 ҳавзи шиноварӣ, 2 кошонаи ҳусн ва 2 адад толори варзишиву солимгардонӣ дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ дафтарҳои корӣ бо назардошти тамоми шароити муосир, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ хоҳад буд, бунёд гардида, осорхона, гӯшаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ дар маҷмаа ҷой дода мешаванд. Дар иншооти мазкур ҳамчунин чор ошёнаи дигар барои таваққуфгоҳи нақлиёт пешбинӣ гардидааст.
Оғози сохтмони маҷмааи мазкур идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе буда, туҳфаи арзандаест ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Зеро бунёди ин ва дигар иншооти хизматрасонӣ заминаи мусоидро барои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат фароҳам оварда, метавонанд ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасониҳои сатҳи байналмилалиро пешниҳод намоянд. Дар ин баробар, бунёди иншооти мазкур дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе бо намои зебову муосир ба ҳусни пойтахт зебогии дигар зам хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, иншоотро мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар муҳлати муқарраршуда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






