ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Сентябрь 17, 2019 08:03

ДУШАНБЕ, 17.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрноки  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 24+29 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 13+18  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва баъзан 11-16 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9  ва   рӯзона  19-24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 9+11  ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо   суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 28+30  дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 17, 2019 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад