ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 04.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар минтақаҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония вазада, ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






