ОФАРИН! Баҳодур Усмонов дар даври дуюми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик, чемпиони мусобиқоти Осиё-2019 Баҳодур Усмонов ба даври сеюми интихобии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷараён дорад, роҳ ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар медиҳад.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври дуюм бар намояндаи Туркия Туғрул Эрдемир бо накаути техникӣ ғалаба кард. Ӯ дар даври аввал бар варзишгари Украина Александр Железняк дастболо шуда буд. Ҳарифи Баҳодур дар даври навбатӣ варзишгари Франсия Софиан Оумиҳа мебошад. Софиан чемпиони ҷаҳон дар соли 2017 ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро дар вазни 60кг буда, соли равон медали нуқраи Бозиҳои Аврупоро дар вазни -64кг ба даст овардааст. Муҳорибаи онҳо 17 сентябр сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар 20-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ғайрикасбӣ, ки аз 7 сентябр инҷониб дар шаҳри Екатеринбурги Россия идома дорад, 4 нафар боксчиёни Тоҷикистон — Бахтовар Сагизов (то 57 кг), Мирзомуҳаммад Бахтиёр (то 75 кг), Шаббос Неъматуллоев ( то 81 кг) ва Баҳодур Усмонов ( то 63 кг) иштирок доранд.
Бахтовар ва Мирзомуҳаммад дар зӯрозмоиҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд ва Шаббос бар Лиридон Нуаи шведӣ ғолиб омада, дар даври дуюм аз боксчии мисрӣ Абдураҳмон Орабӣ мағлуб шуда, аз идоми мусобиқа маҳрум гардид.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорӣ миёни мардон, ки то 21 сентябр идома меёбад, 365 варзишгар аз 78 давлат аз рӯи 8 категорияи вазнӣ — -52кг, -57кг, -63кг, -69кг, -75кг, -81кг, -91кг ва +91кг – иштирок доранд.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






