OTOYOMEGATARI – ҚИССАИ АРӮСИ ҶАВОН. Дар Душанбе намоиши мангаи рассоми машҳури Япония баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 07.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Сафорати Япония дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 то 14 сентябр дар толори Намоишгоҳи санъати муосири Тоҷикистон, воқеъ дар ошёнаи 4-и бинои «Душанбе-Молл» намоиши мангаи японӣ аз ҷониби рассом Каору Мори баргузор мешавад.
Ҳаводорони санъати тасвирӣ метавонанд 12—13 сентябр аз соати 10:00 то 20:00 ва 14 сентябр аз соати 10:00 то 13:00 аз намоиши мазкур дидан намоянд.
Ёдовар мешавем, ки манга (яп. 漫画, マンガ, [mã̠ŋɡa̠] ) — як навъи санъати тасвирӣ ва падидаи адабӣ буда, жанрҳои лирикӣ, мазҳакавию таърихӣ ва варзиширо дарбар мегирад. Манга аз соли 1945, пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба рушд ёфтан шуруъ кард ва асосан аз солҳои 1950 инҷониб ба як унсури асосӣ дар соҳаи нашри китоб дар Япония табдил ёфт.
Имрӯз асарҳои марбут ба жанри мангаро одамони синну соли гуногун на танҳо дар худи Япония, балки дар саросари дунё мехонанд. Рассомонеро, ки манга меофаранд, мангак(мард) ва мангака (зан)меноманд.
Каору Мори, ки асарҳояш дар намоишгоҳи шаҳри Душанбе пешниҳоди ҳаводорони санъати тасвирӣ гардонида мешавад, яке аз мангакаҳои машҳури Япония вка ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ӯ 18 сентябри соли 1978 дар Токио ба дунё омадааст. Нахустин мангаҳои ӯ ба рӯзгори кадбонуҳои англис дар асри 19 бахшида шуда буданд ва номи муаллифро дар Аврупову Амрико шуҳравар намуданд. Соли 2002 мангаи ӯ «Эмма» дар Фестивали медиа-арти Япония соҳиби ҷои дуюм ва ҷоиза гардид.
Агар шумо, ханандагони арҷманд, ба ин навъи санъати рассомӣ рағбат доред, вале то ҳол мангаҳои Каору Мори, махсусан «Эмма», «Ширли» ва ё «Таърихи арӯси ҷавон» (Otoyomegatari)-ро надида ва ё нахонда бошед, пас ҳатман аз намоишгоҳим Душанбе дидан кунед. Кам рассомоне дар дунё вомехӯранд, ки бо чунин ҳассосият ва фарогирии комили деталҳо манга офаранд.










Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид






