Озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шурӯъ шуд

Сентябрь 24, 2019 16:25

ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар/.  Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» гузаронида мешавад.

Дар ин робита ҳоло дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе созандагию ободкориҳо ба роҳ монда шуда,  талошҳо барои ба даст овардани ҷои аввал ҷараён доранд. Инчунин  дар чор ноҳияи шаҳр озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” баргузор гардид.

Аъзои комиссияи озмуни мазкур аз маҳаллаи “Фирдавсӣ” ва кӯчаи ба номи “Мирсаид Миршакар”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаи “Хуҷандӣ”, кӯчаи ба номи “Ҷаббор Расулов”-и ноҳияи Сино, маҳаллаи “Равшангарон” ва кӯчаи “Соҳилӣ”-и ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” ва кӯчаи “Аҳмади Дониш”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дидан намуданд. Комиссияи босалоҳият аз мутахассисони соҳаҳои гуногун иборат буда, натиҷаи озмунро мавриди муҳокима қарор медиҳад ва рӯзҳои наздик натиҷаи онро эълон мекунад.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 марти соли 2019 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ мегардад.

Чунин озмун дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар сар то сари ҷумҳурӣ идома ёфта, ба рушди минбаъдаи деҳоти мамлакат мусоидат менамояд.

Низомномаи баргузории озмун аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ирсол гардидааст.

Озмуни мазкур ҳамасола дар маҷлисҳои солонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз мегарданд.

Озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин»   солҳои 2019, 2020, 2021 гузаронида шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешавад.

Сентябрь 24, 2019 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Данғара 526 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Сангвор 100 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таҳкими ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ ҳамоиш доир шуд