Озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шурӯъ шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2019 /АМИТ «Ховар/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» гузаронида мешавад.
Дар ин робита ҳоло дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе созандагию ободкориҳо ба роҳ монда шуда, талошҳо барои ба даст овардани ҷои аввал ҷараён доранд. Инчунин дар чор ноҳияи шаҳр озмуни “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин” баргузор гардид.
Аъзои комиссияи озмуни мазкур аз маҳаллаи “Фирдавсӣ” ва кӯчаи ба номи “Мирсаид Миршакар”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаи “Хуҷандӣ”, кӯчаи ба номи “Ҷаббор Расулов”-и ноҳияи Сино, маҳаллаи “Равшангарон” ва кӯчаи “Соҳилӣ”-и ноҳияи Фирдавсӣ, ҳамчунин маҳаллаи “Дӯстии халқҳо” ва кӯчаи “Аҳмади Дониш”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дидан намуданд. Комиссияи босалоҳият аз мутахассисони соҳаҳои гуногун иборат буда, натиҷаи озмунро мавриди муҳокима қарор медиҳад ва рӯзҳои наздик натиҷаи онро эълон мекунад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 6 марти соли 2019 дар бораи “Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ мегардад.
Чунин озмун дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар сар то сари ҷумҳурӣ идома ёфта, ба рушди минбаъдаи деҳоти мамлакат мусоидат менамояд.
Низомномаи баргузории озмун аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ирсол гардидааст.
Озмуни мазкур ҳамасола дар маҷлисҳои солонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз мегарданд.
Озмуни «Шаҳрак ва деҳоти беҳтарин» солҳои 2019, 2020, 2021 гузаронида шуда, дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст карда мешавад.










Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони гуногункасби пойтахт баргузор шуд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид






