Озмуни «Забон – пояи миллат» дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад

Сентябрь 27, 2019 13:04

ДУШАНБЕ, 27.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарафи Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Забон – пояи миллат» озмунеро, ки  бахшида ба 10–солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон  намуда буд,  ҷамъбаст менамояд.

Тавре дар сомонаи Кумитаи мазкур омадааст, онҳое, ки мехоҳанд дар озмун ширкат варзанд, аз 1 август то 30 сентябр  мақолаҳои худро дар ҳаҷми то 15 саҳифа бо ҳуруфи Times New Roman TJ ва шеърҳои тозаэҷоди худро ба нишонии: кӯчаи Беҳзод, 25 ва ё ба почтаи электронии ganjizabon@bk.ru ирсол намоянд.

«Ғолибони озмун, ки ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида мешаванд», — омадааст дар сомонаи мазкур.

Бояд илова намуд, ки  Кумитаи мазкур ҷиҳати рушди забони тоҷикӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  пайваста  тадбирҳои муассир  меандешад.  Аз ҷумла,  соли 2017   нашриёти «Истеъдод» бо фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бо теъдоди 10 000 нусха нашр намуд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоби мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 ба чоп тавсия шуда, зиёда аз 3000 намунаи номҳои миллии тоҷикиро дар бар мегирад. Инчунин тарзи навишти ном ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шудааст.

Ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад.
Назорат ва татбиқи боби 5-и муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» доир ба номгузорӣ яке аз самтҳои  дигари фаъолияти  Кумитаи  забон ва истилоҳот маҳсуб мешавад.

Дар робита ба ин,  дар шашмоҳаи аввал  420 нафар ба Кумита оид ба номгузории фарзанд муроҷиат намуданд, ки ба 183 номи пешниҳодгардида аз ҷониби Комиссия иҷозат дода шуд. Инчунин 29 муроҷиати ақаллиятҳои миллӣ ва тарзи дуруст навиштани ному насаб бо забонҳои тоҷикӣ,  русӣ ва англисӣ аз ҷониби Комиссияи  номгузорӣ баррасӣ гардид.

Тавре раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гавҳар Шарофзода моҳи июл зимни нишасти  матбуотии ин ниҳод иттилоъ дод: «дар 6 моҳи аввали соли 2019 аз ҷониби Шўрои ҳамгунсозии истилоҳот ва мутахассисони Кумита 8 фарҳангнома ва китобҳои таълимии соҳаҳои обшиносӣ ва геодезия, сохтмон ва меъморӣ, иқтисодӣ ва илмҳои дақиқ, техникӣ, варзиш, кишоварзӣ, байторӣ, илмҳои дақиқ, дар маҷмўъ 53 260 истилоҳ баррасӣ гардиданд. Ин нишондод ҷиҳати коркарду баррасии истилоҳот нисбат ба шаш моҳи аввали соли гузашта 26,2% зиёд мебошад».

Сентябрь 27, 2019 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд