«Пекини дилрабо» дарҳояшро дар «Душанбе Мол» боз намуд

Сентябрь 26, 2019 09:25

ДУШАНБЕ, 26.09.2019/АМИТ «Ховар»/.  Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр таҷлил мегардад, дар толори Галереяи санъати муосири «Душанбе Мол» дар доираи Рӯзи дарҳои бози сайёҳии Пекин таҳти унвони «Пекини дилрабо» намоиши расмҳо ва барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати сайёҳии «Олами саёҳат» ва ширкати сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии  Чин  «Бюрои мунисипалии фарҳанг ва туризми Пекин» аз созмондиҳандагони ин барномаи фарҳангӣ буда, дар он намояндагони  Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, инчунин масъулини субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар назди иштирокдорони ҷамъомад муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва намояндаи «Бюрои мунисипалии фарҳанг ва туризми Пекин»  Пэн Либо  доир ба муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, инчунин роҷеъ ба ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати ҳамсоя дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисодиёт, энергетика ва туризм  ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чин тӯли солҳои охир беш аз пеш дар соҳаҳои мухталиф, хусусан туризм, ки ҳар ду давлат дорои захираю иқтидори бои туристӣ мебошанд, густариш меёбад. Бахусус нақши барномаи «Як камарбанд, як роҳ» дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Чин махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки ҳадафи ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон ба Тоҷикистону Чин,  муаррифии имконияту захираҳои бои туристии ҳар ду давлат мебошад.

Баъди ҷамъомади фарҳангӣ намоиши расмҳо таҳти унвони «Пекини дилрабо» ифтитоҳ гардид, ки дар он маконҳои таърихию бостонӣ ва сайёҳии яке аз бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон –Пекин таҷассум ёфта буданд.

             Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2019 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид