Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд

Октябрь 28, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсият ва мероси адабию ирфонии мутафаккири бузурги Машриқзамин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, омӯзиши амиқи афкори фалсафию ахлоқии ӯ ва баррасии ҷойгоҳи таълимоти ин нобиғаи ҳама асру замонҳо дар ҷомеаи муосир  таҳти унвони «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.

Иброз гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ танҳо шоири як давру замон ё намояндаи як ҳавзаи фарҳангӣ набуда, балки мутафаккири бузурги умумибашарист, ки афкору андешаҳои ӯ аз марзу ҳудуди ҷуғрофӣ, забонӣ ва замонӣ фаротар рафтаанд.

Гуфта шуд, ки шинохти воқеии ин мутафаккир дар дарки моҳияти таълимоти инсонпарваронааш ва татбиқи арзишҳои созандаи он дар зиндагии фардию ҷамъиятӣ ифода меёбад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар муҳити илму дониш ва фарҳанги ғании тоҷику  форс ба камол расида, бо офаридани асарҳои мондагоре чун «Маснавии маънавӣ», «Девони Шамс», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот» дар рушди адабиёт, фалсафа ва ирфони ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст.

Инчунин иштирокчиён зимни ҳамоиш ба масъалаи тарғиби осори Мавлоно дар байни ҷавонон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти омӯзиши мероси адабии ӯро дар ташаккули ҷаҳонбинии васеъ, рушди тафаккури мустақил, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии насли наврас муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки тарҷумаи осори Мавлоно ба забонҳои гуногун, нашри китобҳои электронӣ, таҳияи барномаҳои маърифатӣ ва истифодаи шабакаҳои иттилоотӣ метавонанд дар шинохти бештари шахсият ва таълимоти ӯ мусоидат намоянд.

Мавлоно бо осори ҷовидонаи худ собит намудааст, ки арзиши инсон на дар зоҳир, мақому мансаб ё дороии ӯ, балки дар ахлоқи нек, қалби пок, маърифат ва муносибати инсонпарваронааш ба дигарон таҷассум меёбад.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд